Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ 11-уми март оғоз мегардад

Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (интихобот санаи 27-уми март таъин шудааст) рӯзи 11-уми март оғоз гардида, санаи 19-уми март ба итмом мерасад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, ҷараёни сабти расмии номзадҳои пешбришуда ба вакилӣ дар палатаи болоии парлумони […]



Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (интихобот санаи 27-уми март таъин шудааст) рӯзи 11-уми март оғоз гардида, санаи 19-уми март ба итмом мерасад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, ҷараёни сабти расмии номзадҳои пешбришуда ба вакилӣ дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро КМИР то 24-уми март ба анҷом мерасонад.

Хотиррасон шуд, ки бо қарори КМИР барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 5 ҳавзаи интихоботӣ дар кишвар таъсис дода шудааст. Ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоби вакилони палатаи болоии парлумон дар шаҳрҳои Хоруғ (барои ВМКБ), Хуҷанд (барои вилояти Суғд), Қӯрғонтеппа (барои вилояти Хатлон) ва ду ҳавза дар Душанбе (барои пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ) ташкил карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 25 аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар вакилони Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худ метавонанд якумра аъзои палатаи болоии парлумон бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.