Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Шарли Эбдо”, ки 12 нафар кушта ба ҷой гузошт, ба унвони президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Шарли Эбдо”, ки 12 нафар кушта ба ҷой гузошт, ба унвони президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки «ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист.

«Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин “вабои аср” бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамеша ҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин падидаи фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд», – омадааст дар барқия.

Сарвари давлати Тоҷикистон бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Фаронса ва ба наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзу мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.