Интиқоли 862 ҷасади тоҷикистониён аз Русия дар соли 2014


– Соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 862 тобут («Груз-200») бо ҷасадҳои тоҷикистониён оварда шуд, ки дар муқоиса бо соли 2013 (1 ҳазору 6 тобут) 14% камтар аст, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода.

Бино ба маълумоти вазир, ин шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо сабабҳои гуногун, аз қабили кушта шудан, ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи вазир, тибқи маълумот оид ба вуруд ва хурӯҷи шаҳрвандон тариқи марзи давлатӣ, соли гузшта 834 ҳазору 58 нафар ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар кардаанд, ки 670 ҳазору 806 нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд (564 ҳазору 390 нафар мардон ва 106 ҳазору 416 нафар занон).

«Русияро – 660 ҳазору 947 нафар, Қазоқистонро – 7 ҳазору 429 нафар, Қирғизистонро – 1 ҳазору 301 нафар ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздикро ҳудуди 1 ҳазору 800 нафар макони муҳоҷират ихтиёр кардаанд», – гуфт Сумангул Тағойзода.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра 606 ҳазору 527 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд, ки 453 ҳазору 985 нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. «Соли гузашта барои қонуншиканиҳои гуногун 1 ҳазору 794 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд», – афзуд вазир.

spot_imgspot_img

Популярное