Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои тозатаъини Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, афзун шудани хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои олами муосир онҳоро ба омодасозии босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангию касбии воҳидҳои низомӣ ва кормандон ва дар маҷмӯъ ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.
Тавре зикр гардид, Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъин гардидаанд. Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шуд.
Ҳамчунин роҳбарони коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз карда шуданд.
Гуфта мешавад, аксари кадрҳои ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъингардида мутахассисони ҷавону корозмуда ва дар айни ҳол хатмкардагони муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.



