Ҳабси як ҷавонзани ёвонӣ барои аз озодӣ маҳрум кардани ҳамсолаш



Санаи 20-уми январ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Ёвон Миҷгона Латиповаи 26-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ва азобу шиканҷа додан дастгир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ аз ҳиссиёти хусумати шахсӣ бо мақсади азоби ҷисмонӣ расонидан ва ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани ҳамдиёраш Шабнам Юсуфоваи 26-сола ӯро ба хонаи истиқоматиаш оварда лут кӯб намудааст.

«Сипас бо қайчӣ мӯйи сар ва бо алмос қошҳои ӯро тарошида, боз бо қайчӣ лаб ва бинии ӯро бурида, муддати зиёда аз 3-4 соат озори рӯҳӣ ва ҷисмонӣ расонидааст. Баъди ин, ҷабрдидаро ба хонаи сокини ҳамин ноҳия Гулдаста Саидоваи 32-сола бурда, бо роҳи зӯроварӣ зиёда аз 2 шабонарӯз ӯро аз озодӣ маҳрум сохтаанд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, гумонбаршудагон сабаби ин ҳодисаро дар дуздӣ намудани 100-сомонӣ аз ҷониби ҷабрдида Шабнам Юсуфова маънидод намуда, хостаанд ӯро мустақиман ҷазо диҳанд. «Пас аз 2-шабонарӯз, яъне 18-уми январ, шаҳрванд Юсуфова Ш. бо дахолати кормандони ШВКД дар ноҳияи Ёвон озод карда шуд», – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур мутобиқи моддаҳои 117 қисми 2 банди “д” ва 131-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ ғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное