Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз қисми низомии 5453-м қӯшунҳои дохилӣ



Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, бо марҳилаи дуюми корҳои бунёдкорию азнавсозӣ дар ин қисми низомӣ шинос шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, нахуст Вазири корҳои дохилӣ аз Нуқтаи тиббии қисми низомии 5453, ки бо сифати баланди замонавӣ аз таъмир бароварда шуда буд, дидан намуд. Нуқтаи тиббии мазкур аз ҳуҷраҳои қабулгоҳ, дорухона, хобгоҳи сарбозон, утоқи кории духтурон, ҷойи бемориҳои сироятӣ, ҷойи дастурушӯӣ иборат буда, бо шароитҳои лозима таъмин мебошад.

Вазири корҳои дохилӣ аз ҳолу аҳволи беморон пурсон шуда, барои беҳтар ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонӣ дар Нуқтаи тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Сипас, ба толори варзишӣ ташриф оварда, бо сарбозоне, ки ба варзиш шуғл доранд, ҳамсӯҳбат гардида, таъкид кард, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри рушду нумӯи варзиш равона сохта, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намоянд.

Инчунин, Вазири корҳои дохилӣ аз ҳаммоми сарбозон дидан намуд.  Ҳаммоми мазкур бо системаи муттамарказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст буда, аз ҳуҷраҳои оббозӣ, сартарошхона, ҷойҳои либосшўиву дарзмолкунӣ, буғхона ва дигар шароитҳои муосир иборат аст. Дар он барои ба тартиб овардани намуди зоҳирии сарбозон тамоми лавозимоти зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар сартарошхонаи қисми ҳарбӣ устоҳои сартарош аз ҳисоби сарбозони қисми мазкур фаъолият менамоянд. Ҳангоми сӯҳбат роҳбари аввали ВКД ба устоҳои сартароше, ки зиёда аз якуним сол хизмати ҳарбиро адо намудаанд, дастур дод, ки ба касби сартарошӣ аз ҳисоби наваскарон сарбозонро ҷалб намуда, ба онҳо нозукиҳои ин касбро омӯзонанд.

Дар рафти боздиди худ Вазири корҳои дохилӣ аз амбори нигоҳдории захираҳои маводи хӯрока ва ошхонаи сарбозон дидан намуда, бо онҳо ҳамсӯҳбат гардид.

Дар охир Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбарият ва ҳайати афсарони қисми низомии 5453 ҳамсӯҳбат шуда, онҳоро ба содиқ будан ба Савганд ва хизмати софдилона ба Ватан ҳидоят намуд.

spot_imgspot_img

Популярное