Кӯлоб: Боздошти шаҳрванди Афғонистон бо маводи мухаддир

Шаби 21 ба 22 январ кормандони Шуъбаи Байниноҳиявии Гурӯҳи Ноҳияҳои Кулоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон амалиёти “таҳвили назоратшавандаи дохилӣ” гузарониданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар марҳилаи ниҳоии амалиёт дар яке аз хонаҳо дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – сокини 30-солаи […]

ASIA-Plus



Шаби 21 ба 22 январ кормандони Шуъбаи Байниноҳиявии Гурӯҳи Ноҳияҳои Кулоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон амалиёти “таҳвили назоратшавандаи дохилӣ” гузарониданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар марҳилаи ниҳоии амалиёт дар яке аз хонаҳо дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – сокини 30-солаи шаҳри Кобул боздошт гардида аз борхалтаи ӯ қариб 10 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, тафтишот муайян намуд, ки шаҳрванди Афғонистон пешакӣ бо як сокини маҳаллӣ маслиҳат намуда, маводи нашъаоварро ба Кӯлоб барои фурӯш оварда будааст. Гурӯҳи оперативӣ ҳамиштирокчии ҷиноят – сокини 30-соларо муайян ва дастгир намуд. Маълум гашт, ки ӯ қаблан ду маротиба барои дуздии молу мулки ғайр суд шуда будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Шуъба ворид карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.