Кабирӣ ба нозирони САҲА оид ба манъи «реклама»-и ҳизб маълумот дод

Рӯзи 29-уми январи соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН ҳайати нозирони САҲА/ДИДХБ: Маклош Харасти – сардори намояндагии Миссияи нозирони интихоботи парлумонии 2015, Ксения Дашутина – коршиноси миссия оид ба масъалаҳои юридикӣ ва Даря Папротска – коршиноси миссия оид ба масъалаҳои сиёсиро дар бинои Ситоди интихоботии ҲНИТ дар қароргоҳи марказии […]

ASIA-Plus



Рӯзи 29-уми январи соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН ҳайати нозирони САҲА/ДИДХБ: Маклош Харасти – сардори намояндагии Миссияи нозирони интихоботи парлумонии 2015, Ксения Дашутина – коршиноси миссия оид ба масъалаҳои юридикӣ ва Даря Папротска – коршиноси миссия оид ба масъалаҳои сиёсиро дар бинои Ситоди интихоботии ҲНИТ дар қароргоҳи марказии ҳизб ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин вохурӣ Сайидумар Ҳусайнӣ – муовини аввали раиси ҳизб, Муҳаммадкарими Орзу – муовини раиси ҳизб ва ҳамзамон масъули ҳамоҳангсозии бахшҳои Ситод, Муҳаммадҷон Нурӣ – мушовири ҳизб ва Абдуқаҳҳори Давлат – раиси шуъбаи равобити хориҷии ҳизб низ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, тарафҳо вазъи кишвар, масоили марбут ба интихоботи парлумонии соли 2015, аз ҷумла омодагии ҲНИТ ба он, марҳалаи муаррифии номзадҳо , вуҷуди баъзе қонуншиканиҳо ва фишору маҳдудиятҳо болои ҳизб ва фаъолони он ва масоили дигарро баҳсу баррасӣ карданд.

«Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизб зимни суҳбат изҳори умедворӣ кард, ки ҳайати нозирони байналмиллалӣ рисолати худро холисона ва бетарафона анҷом дода, ҳамкории хуб бо номзадҳо, аҳзоби сиёсӣ, мақомоти давлатӣ ва нозирони миллӣ хоҳанд дошт», – омадааст дар хабари сомонаи расмии ҳизб.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин ба нозирони байналмиллалӣ намунаҳои маводи таблиғотӣ, плакатҳо ва шиорҳо нишон дода шуд, ки мақомот онҳоро ҳамчун “рекламаи сиёсӣ” иҷозати овехтан дар хиёбони кучаҳоро то ҳол надодаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.