Омӯзгори президент аз санҷиши забони тоҷикӣ барои номзадҳо нагузашт

Рӯзи 29 январ дар ноҳияи Данғара 22 номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар имтиҳони забон, ки аз тарафи ҳавзаи маҳаллии интихобот бо ширкати мутахассисони забон аз шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ширкат карданд ва аз ҷумлаи 22 номзад 10-тои онҳо бо шумули Камолов Хол, муаллими Эмомалӣ Раҳмон ноком шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 29 январ дар ноҳияи Данғара 22 номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар имтиҳони забон, ки аз тарафи ҳавзаи маҳаллии интихобот бо ширкати мутахассисони забон аз шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ширкат карданд ва аз ҷумлаи 22 номзад 10-тои онҳо бо шумули Камолов Хол, муаллими Эмомалӣ Раҳмон ноком шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, мутахассисони забон номзадҳои наҳзатиро бо суолҳое, мисли “Боби дуюми қонун дар бораи забони давлатӣ чист?”, синоними вожаҳои мураккаб ва ғайра пурсиданд.

Гуфта мешавад, ҳарчанд Камолов Хол, муаллими раиси ҷумҳур бемор буд, ӯ дар долони сарди биное, ки имтиҳони забони давлатӣ онҷо баргузор мешуд, ду соат интизор истод ва сабаби нокомии ӯро дар бад будани ҳусни хат эълон карданд. «Бори аввал аст, ки ҳусни хат ҳамчун меъёр дар комёб ё ноком шудан ба кор меравад», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки  ақомоти зидахл борҳо изҳор доштанд, ки имтиҳони забони давлатӣ тибқи талаботи қонун сурат мегирад ва ҳама гуна суистифода аз онро рад карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.