Боздиди роҳбари Дафтари САҲА аз ВКХ Тоҷикистон

Рӯзи 29 январи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллерро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА ва масъалаҳои дигари байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд. Гуфта […]

ASIA-Plus



Рӯзи 29 январи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА ва масъалаҳои дигари байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар мулоқот оид ба татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ба мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.