Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки директори Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Конибодом Мамадов Ф., соли таваллудаш 1981 аз зердастонаш, сардорони шӯъбаҳои маркази мазкур С.Б., соли таваллудаш 1971 ва Э.И. соли таваллудаш 1986, сокинони ш. Конибодом ҳар моҳ маблағи аз 600 то 700 сомонӣ ба сифати пора талаб кардааст
.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 28-уми январи соли 2015 Мамадов Ф. дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 500 сомонӣ аз кормандонаш С.Б. ва Э.И. дастгир гардид.
Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



