Нозири «Барқи тоҷик» ба азхудкунии маблағи зиёд айбдор дониста мешавад



Сарнозири шабакаҳои барқи ноҳияи Синои пойтахт Абдулло Гадоев ба азхудкунии 20 ҳазору 300 сомонӣ айбдор дониста мешавад, ки ин маблағро ӯ ба сифати пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз молики нонвойхона Раҷабалӣ Ҳаитов гирифтааст.

Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон, аз ин миқдор маблағи гирифтааш сарнозири ширкат ба суратҳисоби муассисаи шабакаҳои барқ ҳамагӣ 700 сомонӣ гузаронидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел паровнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол ин аллакай далели дуюми боздошти кормандони ширкати «Барқи тоҷик» аз ҷониби Агентии зиддифасод аст. Ахири моҳи январ ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» – нозири корҳои хоҷагидорӣ Парвиз Одинаев ва нигаҳбони даромадгоҳи ширкат Сиёвуш Маҷидов ба содир намудани амали коррупсионӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ

гумонбар ва боздошт шуда буданд.

spot_imgspot_img

Популярное