Мусодираи беш аз 85 кило маводи мухаддир дар Восеъ

Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милиса дар қаламрави ноҳияи Восеъ автомашинаи тамғаи «Нива» таҳти идораи Хуршед Насимови 23-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили бағоҷаш 84 килою 50 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 1 килою 950 грамм маводи сахттаъсири “героин” […]

ASIA-Plus



Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милиса дар қаламрави ноҳияи Восеъ автомашинаи тамғаи «Нива» таҳти идораи Хуршед Насимови 23-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили бағоҷаш 84 килою 50 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 1 килою 950 грамм маводи сахттаъсири “героин” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани як чорабинии дигари оперативӣ дар ҳудуди шаҳри Чкалов сокини 30-солаи ҳамин шаҳр Азиз Каримов, ки қаблан бо моддаи 249 КҶ ҶТ суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофаниаш 315 грамм маводи сахттаъсири “героин” дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷамъи умумии маводи мухаддири мусодирагардида 86 килою 315 граммро ташкил дода, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.