Ҳамсари тоҷики ба дуздӣ айбдоршуда дар Маскав ба худсӯзӣ таҳдид мекунад



Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти дахлдори ин кишвар дархост намуд, ки парванда алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон Аслиддин Асоевро, ки муддати аллакай 11 моҳ дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳри Маскав қарор дорад, воқеъбинонаву мӯшикофона таҳқиқ кунад.

Намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сафорат тариқи воситаҳои дипломатӣ аз ҷониби Русия чунин дархост намуда, изҳор доштааст, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон бегуноҳ бошад, бояд фавран озод карда шавад.

Ба қавли Эгамзод, чанде қабл ҳамсари шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Асоева изҳор доштааст, ки агар таҳқиқи мунсифонаи парванда нисбати шавҳари ӯ ояндаи наздик ба итмом нарасад, ба худсӯзӣ даст мезанад.

«Ман шахсан бо ӯ суҳбат карда, зикр кардам, ки сафорат ин қазияро аз оғоз пайгирӣ дорад ва агар бегуноҳии ҳамсари ӯ собит гардад, суд қарори озодии ӯро содир мекунад ва албатта, ба чунин тасмим расидан дуруст нест, зеро дар бораи фарзандон мебояд андешид», – гуфт намояндаи сафорат.

Муҳаммад Эгамзод изҳори умедворӣ намуд, ки мақомоти судии Русия ба парвандаи мазкур баҳои дурусти ҳуқуқӣ хоҳанд дод.

Ба гуфтаи адвокат Алексей Наделсон, ки аз манфиатҳои А.Асоев ҳимоят мекунад, моҳи ноябри соли 2012 Асоев автомашинаи «Рено-Меган»-и худро фурӯхта,  баъди гузашти 11 моҳ бо он дар яке аз бозорҳои Маскав дуздӣ содир шудааст. Пойафзоле дуздида шуда, соҳиби он зиёни онро 6 млн. рубл арзёбӣ намудааст ва онро бо ҳамин автомашина бурдаанд. Соҳиби нави «Рено» Алишер Ибронов автомобилро ба номи худ ба қайд нагузошта, кормандони фаврии милиса соҳиби пешини автомобил Асоевро дарёфт ва ӯро ба ҳабс гирифтаанд.

«Асоев гуноҳе надошта, аллакай ззиёд аз 1 сол аст, ки дар ҳабс қарор дорад ва барои ин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд,- гуфтааст Алексей Наделсон ба Metronews. – Барои онҳо дигар роҳи бозгашт вуҷуд надорад. Айни замон тафтишот на барои тантанаи адолату ошкор кардани ҷиноят, балки баръакс, пайдо нашудани далелҳои нави собиткунандаи бегуноҳии Асоев кӯшиш ба харҷ медиҳад».

Қобили зикр аст, ки Аслиддин ва Гулрухсор Асоевҳо соҳиби се фарзанди хурдсоланд.

spot_imgspot_img

Популярное