Интиқоли мунтазами барқ ба Афғонистон идома дорад

Моҳи январ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Афғонистон шабонарӯзӣ тақрибан 1,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 55 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, даромад аз он 2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли […]

Пайрав Чоршанбиев



Моҳи январ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Афғонистон шабонарӯзӣ тақрибан 1,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 55 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, даромад аз он 2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон қариб ду баробар афзуд. Моҳи январи соли 2014 ба истеъмолгарони афғонии ширкати «Барқи тоҷик» ҳамагӣ ҳудуди 30 млн. кВт/соат нерӯи барқ таҳвил гардида буд.

Қобили зикр аст, ки аз аввали моҳи октябри соли гузашта дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифода барқ амал мекунад. Тибқи маълумоти портали

barknest.tj

, чанде қабл аҳолии кишвар шабонарӯзӣ ба ҳисоби миёна 10-12 соат бо нерӯи барқ таъмин карда шудааст.

Ахири моҳи январ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо изҳор дошта буд, ки бидуни шиддати барқ нигоҳ доштани хатти интиқоли барқ ба самти Афғонистон ғайриимкон аст. «Дарвоқеъ мо ду хатти интиқоли барқи 110 кВ ва 220 кВ ба самти Афғонистонро барои эҳтимоли зиёди рабуда шудани  таҷҳизоти барқӣ таҳти шиддат нигоҳ медорем», – иброз дошта буд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, зимни машварати кории рӯзи 16 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ

ба масъулини соҳа дастур дод

, ки ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад ва таъкид гардид, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.

Дар робита ба ин масъала, дар нишасти хабарии зикршуда раиси ширкати «Барқи тоҷик» зикр карда буд, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистонро ният доранд ки имсол аз вақти маъмулӣ

пештар бекор кунанд.

«Барои ин кор шароитҳои мушаххас, аз қабили нисбатан баланд будани сатҳи об дар обанбори Норак ва мутаносибан захираҳои кофии об ва ҳамчунин маҷрои қаноатбахши дарёи Вахш мусоидат карда метавонанд», – қайд карда буд Рустам Раҳматзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.