Беш аз 7,7 ҳазор нафар тоҷикистониён дар маҳбасҳои Русия қарор доранд

Академияи Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия иттилоъ медиҳад, ки соли 2014 дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар 28 ҳазору 496 шаҳрвандони хориҷӣ адои ҷазо мекарданд. Ба иттилои манбаъ, чаҳоряки онҳо – 7 ҳазору 786 нафарро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки шумори зиёдтарини шаҳрвандони хориҷии маҳкумшуда аст. «Шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон дар муассисаҳои ислоҳии Русия ба 6 ҳазору […]

Меҳрангез Турсунзода



Академияи Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия иттилоъ медиҳад, ки соли 2014 дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар 28 ҳазору 496 шаҳрвандони хориҷӣ адои ҷазо мекарданд.

Ба иттилои манбаъ, чаҳоряки онҳо – 7 ҳазору 786 нафарро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки шумори зиёдтарини шаҳрвандони хориҷии маҳкумшуда аст. «Шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон дар муассисаҳои ислоҳии Русия ба 6 ҳазору 746 нафар, Украина – 2 ҳазору 964 нафар ва Озарбойҷон ба 2 ҳазору 846 нафар баробар аст», – хабар медиҳад манбаъ.

Тибқи маълумоти «

Известия

», агар соли 2013 шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои ислоҳии Русия 26,6 ҳазор нафарро ташкил медод, пас дар соли 2014 шумори онҳо то 28,5 ҳазор нафар расида, дар ҳамин ҳол, 95%-и онҳо аз робита бо маъмурияти муассисаҳо даст мекашанд ва ҳар кадоме аз се нафар мунтазам реҷаи будубошро риоя намекунанд.

Гуфта мешавад,  аз шумори умумии маҳкумшудагон каме бештар аз 5%-ро муҳоҷирон ташкил дода, 90%-и онҳо шахсони синнусоли коршояманд ва 11,8%-ашон то маҳкумшудан дорои 2 соли собиқаи корӣ, 26,8%-ашон дорои то 10 соли собиқаи корӣ ва 43,2%-ашон дорои 15 сол ва зиёда аз он собиқаи корӣ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.