«Талко» ва «Русал» ба созиш расиданд

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила тавофуқ ҳосил карданд. Роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии «ТАЛКО» Игор Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раҳбарияти ҳарду ширкат созишномае ба имзо расониданд, ки маъқул шуморидани он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои мудирони ширкати «Русал» ахири […]

ASIA-Plus



КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила тавофуқ ҳосил карданд.

Роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии «ТАЛКО» Игор Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раҳбарияти ҳарду ширкат созишномае ба имзо расониданд, ки маъқул шуморидани он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои мудирони ширкати «Русал» ахири моҳи феврали соли ҷорӣ дар назар аст. «Ғайр аз ин, «ТАЛКО» ба ширкати русиягӣ баъзе тарҳҳо пешниҳод намуд, ки минбаъд бар асоси он метавон ҳамкориҳоро роҳандозӣ кард», – гуфт ӯ.

Интизор меравад, ки ҷузъиёти созишномаи баимзорасида аз ҷониби раҳбарияти «ТАЛКО» дар нишасти хабарӣ баъди маъқул шуморидани он аз ҷониби ҳукумат ба манзури ҳамагон пешниҳод мегардад.

Ёдрас мекунем, ки баҳси чандинсолаи тиҷоратӣ миёни «Русал» ва «Талко»

тирамоҳи соли 2013 ба итмом расида

, суди байнулмилалии ҳакамӣ дар Швейтсария ширкати Тоҷикистонро ба пардохти 274,3 млн. доллари ИМА ба сохторҳои Олег Дерипаска уҳдадор намуд.

Суд ба хулоса расид, ки «ТАЛКО» шартҳои созишномаи соли 2003 баимзорасидаро, ки мутобиқи он Hamer Investing Ltd (мансуб ба Rusal) ба ширкати Тоҷикистон ашёи хом таҳвил дода, алюминии ваъдагӣ ба маблағи беш аз 112,7 млн. доллари ИМА-ро нагирифтааст, риоя накардааст. Ба ин маблағ ҳамчунин даромади аздастрафта дар ҳаҷми ҳудуди 147 млн. доллари ИМА ва хароҷоти судӣ ба маблағи 14,5 млн. доллари ИМА низ илова шуд.

Барои иҷрои қарори суд дар ниҳояти кор «Русал» бояд ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат мекард, аммо раҳбарияти ширкати русиягӣ аз ин кор даст кашид, зеро Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Hamer парванда боз кард, ки дар он зиёни расида ба «Талко» аз ҷониби сохтори Дерпиаска дар ҳаҷми 400 млн. доллари ИМА зикр гардида буд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.