Содироти ҳамагӣ ҳудуди 6 ҳазор тонна алюминий аз Тоҷикистон дар моҳи январ

Коҳиши ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» идома дорад. Бино ба маълумоти вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди кишвар, моҳи январи соли равон ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 5,9 ҳазор тонна ба маблағи 10,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев



Коҳиши ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» идома дорад.

Бино ба маълумоти вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди кишвар, моҳи январи соли равон ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 5,9 ҳазор тонна ба маблағи 10,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта 66,5% (январи соли 2014 – 17,6 ҳазор тонна ба маблағи 30,5 млн. $) камтар аст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир коҳиши назарраси ҳаҷми содироти алюминий аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, соли 2012 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 265,4 ҳазор тонна, соли 2013 – 200,2 ҳазор тонна ва соли 2014 – 125,7 ҳазор тонна алюминий интиқол дода шуд.

Дар вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди кишвар коҳиши истеҳсоли алюминий ва мутаносибан кам шудани ҳаҷми содироти он ба хориҷи кишварро ба поинравии нарх ба ин металл дар бозорҳои ҷаҳонӣ нисбат медиҳанд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, соли равон «Ширкати алюминии тоҷик» истеҳсоли 197 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба нақша гирифтааст. Соли гузашта 121,2 ҳазор тонна алюминийии аввалия истеҳсол гардида буд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.