Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Эрон рафт



Ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба Эрон раҳсипор шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, мақсади сафар тақвият додани дурнамои ҳамкориҳои судманд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва мубодилаи таҷрибаи кормандон аст.

Гуфта мешавад,  зимни сафари корӣ вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, боздид аз сохторҳои ин ниҳоди бонуфуз ва Донишгоҳи пулиси ин мамлакат дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки доир гардидани вохӯрии дуҷонибаи роҳбарони олирутбаи мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Эрон бори дигар собит месозад, ки дурнамои ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тавсеа ёфта, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мубодилаи иттилоот мусоидат менамояд.

spot_imgspot_img

Популярное