Прокуророни вилоятҳо ва пойтахт аз мансаб барканор шуданд



Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ рӯзи 17 феврал садо дод, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов имрӯз прокуророни ҳамаи вилоятҳо ва шаҳри Душанберо аз мансабашон барканор кард.

Аз Прокуратураи генералии ҶТ як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода, прокурори вилояти Хатлон Сироҷиддин Нурзода, прокурори ВМКБ Муҳаммад Арбобзода ва прокурори шаҳри Душанбе Мирзошариф Шарифзода аз вазифаашон озод карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон прокуророни нави вилоятҳо ва пойтахт таъин карда мешаванд. То таъини онҳо иҷрои вазифаи прокуророни вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба зиммаи муовинони аввали онҳо вогузор мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное