Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар деҳаи Зумудги ноҳияи Ишкошим ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар ду нафар сокини 26-солаи деҳаҳои Пегиш ва Ҳандуди вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардида, аз онҳо як адад сумка дарёфт карда шуд, ки дар дохили он 10 адад баста бо маводи ҷигариранги бӯи махсус дошта мавҷуд буд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тибқи хулосаи экспертизаи судӣ, маводи мусодира шуда афюн буда, вазни он 5 килограммро ташкил менамояд.
Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – м. 200 қ. 3 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, чорабиниҳои оперативӣ гузаронида шуда, боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудаанд.



