Қаноатмандии вазир аз кори дружиначиён ва кормандони ғайриштатии милитсия



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонону донишҷӯёнро даъват кард, ки дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва варзишии ҷомеа бетараф набошанд ва фаъолона иштирок намоянд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва  кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2014 Рамазон Раҳимзода «саҳми арзанда»-и онҳоро дар таҳкими амнияту ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ таъкид намуд.

Ӯ изҳор кард, ки «ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони кишвар, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ бе иштироки шаҳрвандон ғайриимкон буда, такя намудан ба кӯмаки шаҳрвандон ва  ташкилотҳои ҷамъиятӣ, яке аз шартҳои  муҳим ва самараноки  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб меравад».

Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳисоби аҳли ҷомеа хоҳишмандоне, ки мехоҳанд нақш ва ҳиссаи худро ба ҳайси кормандони ғайриштатии милитсия ва дружинаҳои ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон гузоранд, рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

«Ин далели он аст, ки фарзандони баномуси миллат дар шукуфоии Ватани худ бетараф монда наметавонанд ва манфиатдор будани худро дар ин раванд нишон дода истодаанд. Пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеъа аз кору фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар дастаҷамъӣ фаъолият намудан, вобастагии калон дорад», – гуфт вазир.

spot_imgspot_img

Популярное