БРСММ барои беҳбуди сатҳи касбии дипломатҳои ҷавони тоҷик 200 ҳазор $ ҷудо мекунад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ба амалисозии лоиҳаи «Мусоидат ба рушди ниҳодии ВКХ ҶТ – марҳидаи IV» оғоз мекунанд. Маросими имзои лоиҳа имрӯз дар Душанбе доир гардид. Лоиҳаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд. Баҳри […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ба амалисозии лоиҳаи «Мусоидат ба рушди ниҳодии ВКХ ҶТ – марҳидаи IV» оғоз мекунанд. Маросими имзои лоиҳа имрӯз дар Душанбе доир гардид.

Лоиҳаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур БРСММ 200 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Лоиҳа аз ҷониби ВКХ ҶТ дар ҳамдастӣ бо БРСММ амалӣ мешавад.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур С.Аслов қайд кард, ки лоиҳа дар доираи афзалиятҳои миллии Тоҷикистон таҳия шуда, ба дастовардҳои марҳилахои қаблӣ асос ёфтааст. «Ҳадафи аслии лоиҳа мусоидат ба таҳкими имконоти ниҳодии ВКХ ҶТ дар амалисозии сиёсати пурсамари хориҷии кишвар аст», – иброз дошт ӯ.

Вазир таъкид дошт, ки лоиҳа баҳри мусоидат ба беҳбуди сатҳи касбии дипломатҳои ҷавони тоҷик нигаронида шуда, дар доираи амалисозии он зиёда аз 70 нафар кормандони Вазорат бо давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлати такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.