Ҳастии ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон зарур аст?

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ояндаи наздик ният дорад, ки бо иштироки ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, намояндагони ҳукумат, зиёиён, аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон ва аҳли ҷомеа оид ба баррасии масъалаи марбут ба мавҷудияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистон мизи гирд барпо кунад. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мизи гирди мазкур […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ояндаи наздик ният дорад, ки бо иштироки ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, намояндагони ҳукумат, зиёиён, аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон ва аҳли ҷомеа оид ба баррасии масъалаи марбут ба мавҷудияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистон мизи гирд барпо кунад.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мизи гирди мазкур ҷанбаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва ҳамчунин паҳлӯҳои бехатарии мавҷудияти чунин ҳизб дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

«Баҳсҳо сари ин масъала, аслан ғайриҳирфаӣ дар кӯчаву бозорҳо сурат гирифта, метавонанд ба ҷудоиандозӣ дар ҷомеа оварда расонанд», – қайд кард Кабирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар кори мизи гирд ҲНИТ ба шунидани пешниҳоду андешаҳои солим ва беғаразонаи ҳама гуна гурӯҳ оид ба масъалаи мавҷудият ё аз байн бурдани ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон омода аст.

«Дар маъракаи пешазинтихоботӣ оид ба ин масъала хеле зиёд аҳолии кишвар, сар аз академик то соҳибхоназан андешаҳои худро иброз доштанд ва мо ба иштироки онҳо дар кори мизи гирд умедворем», – афзуд раиси ҲНИТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.