Боздиди намояндагони ДИДҲБ/САҲА аз дафтари кории ҲНИТ

Намояндагони Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) Миклош Ҳарасти ва Даря Папроска рӯзи 4 март аз дафтари кории Ҳизби наҳзатси исломии Тоҷикистон боздид намуда, бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дидору гуфтушунид карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, тарафҳо масоили минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуда […]

ASIA-Plus



Намояндагони Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) Миклош Ҳарасти ва Даря Папроска рӯзи 4 март аз дафтари кории Ҳизби наҳзатси исломии Тоҷикистон боздид намуда, бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дидору гуфтушунид карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, тарафҳо масоили минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуда дар бораи вазъияти кишвар низ суҳбат намуданд. Намояндагони САҲА аз натиҷаҳои интихобот изҳори нигаронӣ намуда, аз мавқеъгирии ҲНИТ дар бораи барномаи ояндааш савол намуданд.

«Раҳбари ҲНИТ таъкид намуд, ки Шӯрои Сиёсии ҲНИТ дар ин бора изҳороти худро пахш намуд ва мо хостори оромиш ва субот ҳастем. Агарчӣ натоиҷи интихоботро қабул надорем, вале ба масоил бо чашмони боз менигарем ва ба хотири оромиш ва суботи кишвар талош хоҳем намуд», – иброз доштааст М.Кабирӣ.

Гуфта мешавад, раҳбари ҲНИТ аз ноумедии ҷавонон ба равандҳои солими сиёсӣ ва гароиши онҳо ба ифротгароӣ нигаронӣ намуда, изҳори умедворӣ намудааст, ки барои пешгирӣ аз ин раванд тамоми нерӯҳои солим дар ҷомеа ҳамкорӣ намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки сардори миссияи нозирони САҲА Миклош Харастӣ ва таҳлилгари сиёсӣ Даря Папроска низ аз мавқеъгириҳои ошкори ҲНИТ дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм тамҷид намуда, нақши наҳзати исломиро дар мубориза бо хушунат муҳим хонданд. Онҳо нақши ҲНИТ-ро ҳамчун як ҳизби исломии муътадил на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақа муҳим ва омӯзанда арзёбӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.