Барканории раҳбарияти боздоштгоҳи муваққатии Маскав баъди қасди худкушии муҳоҷирон

Тамоми ҳайати раҳбарии боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷии шаҳри Маскав баъди қасди худкушӣӣ кардани 8 нафар муҳоҷирон рӯзи 16 феврал аз мансабҳояшон барканор шуданд. Дар ин бора Агентии иттилооти шаҳрии «Москва»  хабар медиҳад. «Аввалаш онҳо рагҳои дасташонро набурида, ҳамин гуна вонамуд кардаанд. Албатта, санҷиш гузаронида шуда, тамоми раҳбарияти боздоштгоҳ, ки ба рух додани ин ҳодиса […]

ASIA-Plus



Тамоми ҳайати раҳбарии боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷии шаҳри Маскав баъди қасди худкушӣӣ кардани 8 нафар муҳоҷирон рӯзи 16 феврал аз мансабҳояшон барканор шуданд. Дар ин бора


Агентии иттилооти шаҳрии «Москва»


 хабар медиҳад.

«Аввалаш онҳо рагҳои дасташонро набурида, ҳамин гуна вонамуд кардаанд. Албатта, санҷиш гузаронида шуда, тамоми раҳбарияти боздоштгоҳ, ки ба рух додани ин ҳодиса роҳ додаанд, аз мансабашон барканор шуданд. Дар маҷмӯъ 15 нафар, аз ҷумла масъули ошёнаи бино низ аз вазифаашон озод карда шуданд. Мо ҳайатро нав мекунем, ин муассисаи махсус аст, на осоишгоҳ ва шахсоне, ки рагҳои дасташонро бриданӣ шуданд, қаблан якчанд маротиба маҳкум шудаанд, чун дар зиндон рафтор мекунанд, намехоҳанд талаботи оддиро иҷро кунанд, чизҳои манъшударо ба боздоштгоҳ мегузаронанд ва мутаносибан мо тартиботро ҷорӣ мекунем ва минбаъд низ ба ин амал идома медиҳем», – иброз доштааст сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав Олга Кириллова.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки ба нишони эътироз ба шароити будубош дар боздоштгоҳи муваққатӣ 8 нафар шаҳрвандони хориҷӣ рагҳои дастони ххудро буридаанд. Аксари онҳо барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия дар ин боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

Интерфакс 

иттилоъ дода буд, ки оид ба ин қазия Кумитаи тафтишот санҷиш мегузаронад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.