Раҷаби Мирзо куштори Қувватовро ба қатли Немтсов монанд медонад

Журналист Раҷаби Мирзо мегӯяд, ки  кушта шудани Умаралӣ Қувватов тасодуфӣ набуда, тарҳрезӣ шудааст ва бисёр ҳодисаи нангину даҳшатзост, ки айни замон саволҳои бисёреро ба вуҷуд меорад. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ӯ дар ин робита зикр кард, ки ин террорро мешавад бо қатли Борис Немтсов дар назди Кремл монанд донист. «Немтсов як рӯз пеш аз гирдиҳамоии […]

Мавзуна Абдуллоева



Журналист Раҷаби Мирзо мегӯяд, ки  кушта шудани Умаралӣ Қувватов тасодуфӣ набуда, тарҳрезӣ шудааст ва бисёр ҳодисаи нангину даҳшатзост, ки айни замон саволҳои бисёреро ба вуҷуд меорад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ӯ дар ин робита зикр кард, ки ин террорро мешавад бо қатли Борис Немтсов дар назди Кремл монанд донист. «Немтсов як рӯз пеш аз гирдиҳамоии эълоншуда ва Қувватов пас аз эълони натиҷаҳои бо ном интихобот кушта шуданд. То ҳол дар куштори аввалӣ гурӯҳу шахсияти манфиатдорро меҷӯянд ва фарзияҳои гуногун ҳадс зада мешавад. Акнун ин тахминзаниҳо дар Тоҷикистон пеш меоянд: террори Қувватов ба манфиати кист?», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, фаромӯш набояд кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ду бор барои истирдоди Қувватов муваффақ нашуд. «Инро ҳам аз ёд намебарорем, ки Душанбеи расмӣ Муҳаммадрӯзӣ Искандарову Низом Ҷӯраевро бо кадом роҳҳо аз Русия оварду ба зиндон андохт, вале он замон ҳарф аз Русия буду гуфта мешуд, ҳардуи ин ҳолат бо кумаки хадамоти русиягӣ сурат гирифтааст», – қайд кард журналист.

«Ҳоло бошад, сухан дар бораи куштор ва он ҳам дар як кишвари демократӣ меравад. Агар ҳукумати Тоҷикистон чунин «дасти дароз» дорад, пас воқеъан ҷойи тарс аст. Агар фармоишгарон онҳоеанд, ки ба эҳсосоти мардум пас аз бо ном интихобот бозӣ мекунанд, ҷойи андешаи тӯлонист…», – зикр кард Р.Мирзо.

Журналист ҳамчунин изҳор намуд, ки ба ҳар сурат, пас аз куштори Немтсов, Путин ба модари ӯ барқия фиристоду дар он марҳумро ситоиш кард ва чанд рӯз пеш ба мақомоташ супориш дод, ки Русияро  «аз ин шармандагӣ раҳо кунед!».

«Дар мо чӣ иттифоқе пеш меояд, бисёр муҳим аст. Агар ҳукумат мавқеъашро маълум намекунад, худро ба гунаи хукумате муаррифӣ мекунад, ки дигар тоқати озодандешиву мухолифинро надорад ва болотар аз ин, аз ҳама, ҳатто аз нерӯ ва шахсиятҳои камнуфуз ҳам метарсад. Бе ин ҳам, Туркия кишваре нест, ки худро аз ин шармандагӣ, ки дар кӯчаҳояш роҳат метавон одам кушт, вонараҳонаду қотилонро пайдо накунад…», – афзуд номбурда.

Раҷаби Мирзо ҳамчунин ба пайвандони марҳум тасаллият изҳор намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.