Субҳи 9 марти соли 2015 маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини чор давлати хориҷӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро, Салтанати Умон Саид бин Аҳмад бин Халид ал-Барванӣ, Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Фан Ван Фао ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Ҳабашистон (Эфиопия) Айалаев Гобезие Воркенеҳ супориданд.
Гуфта мешавад, пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони навтаъйин доир гардиданд, ки зимни онҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки Сироҷиддин Аслов сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.



