Ҷаласаи нахусти иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон, ки ба санаи 17 март таъин шудааст, таҳти роҳбарии раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) Абдуҳалим Ғаффоров доир мегардад. Раиси ҲСТ дар интихоботи рӯзи 1 март бори нахуст вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, кори парлумони тозаинтихоб таҳти раёсати вакили кӯҳансолтарин оғоз мегардад. Вакили кӯҳансолтарини парлумони нав Абдуҳалим Ғаффоров аст, ки санаи 24 декабри соли 1951 дар Панҷакент ба дунё омадааст.
Дар интихоботи солҳои 2006 ва 2013 А.Ғаффоров ба мансаби президенти ҷумҳурӣ довталаб шуда, мутаносибан 2,6% ва 1,5%-и раъйи интихобкунандагонро касб намуда буд. Дар интихоботи парлумонии соли равон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ ҲСТ ба касби 5,5%-и овозҳои интихобкунандагон ноил гардида, ҳамин тариқ раиси ҳизб ба парлумони навр роҳ ёфт, ки ягона намояндаи ҲСТ мебошад.
Дар иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони тозаинтихоб раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, муовинони ӯ, раисони кумитаву комиссияҳои доимии палатаи поёнии парлумон интихоб карда мешаванд.
Назди вакилони тозаинтихоб сарвари давлат суханронӣ намуда, андешаҳои худро оид ба интихоботи гузашта ва вазифаҳои ояндаи парлумон иброз медорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1 март маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баргузор шуд. Тибқи ҳисоби пешакӣ, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аксари овозҳо – 65,2%-ро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон касб намуда, Ҳизби аграрӣ – 11,8%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 7,6% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 5,3%-и раъйҳоро ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони оянда 16 нафар – ҲХДТ, 3 нафар – Ҳизби аграрӣ, 2 нафар – ҲИИТ ва 1 нафар – Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. ҲНИТ-ро 1,5%, Ҳизби коммунистро – 2,3%, Ҳизби демократро – 1,7% ва ҲСДТ-ро – 0,5%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамин тариқ намояндагони ин ҳизбҳо ба парлумон роҳ наёфтанд.
Намояндагони ҲХДТ ҳамчунин дар 35 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ низ пирӯз шуданд. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ 16 нафар номзадҳои ҲХДТ ба курсиҳо дар парлумон соҳиб шуданд. Ҳамин тариқ, аз 63 курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҲХДТ 51 курсиро ба даст овард.
Тибқи маълумоти КМИР Тоҷикистон, ба палатаи поёнии парлумон ҳамчунин 5 номзади Ҳизби аграрӣ (3 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 2 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ), 3 номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (2 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 1 нафар аз ҳавзаи якмандатӣ), 1 номзади Ҳизби сотсиалистӣ (аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ) ва 1 номзади Ҳизби демократ ва 2 нафар коммунистон (аз ҳавзахои якмандатӣ) низ роҳ ёфтанд.
Дар палатаи поёнии парлумон даъвати гузашта номзадҳои ҲХДТ 55 курсӣ, намояндагони ҲНИТ, ҲКТ, ҲИИТ ва ҲАТ ҳар кадоме ду курсиро ишғол карда буданд.



