Ташрифи дабири кулли СААД ба Душанбе

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯзи 11 март бо сафари чоррӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора департаменти иттилоооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни сафар дабири куллии СААД-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли […]

Аваз Юлдошев



Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯзи 11 март бо сафари чоррӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора департаменти иттилоооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни сафар дабири куллии СААД-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли ҷорӣ раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аст, ба ҳузур мепазирад.

Ба иттилои манбаъ, зимни сафари Н.Бордюжа ба Тоҷикистон ба масъалаҳои амалисозии тавофуқоти қаблан ҳосилшуда дар доираи СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва нақшаи Тоҷикистон дар давраи расёсаташ дар Созмони мазкур таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.