Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон

Санаи 10 марти соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳикмат Халил Карзайро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Алоқамандии зиёд ба тавсеаи робитаҳо дар […]

ASIA-Plus



Санаи 10 марти соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳикмат Халил Карзайро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Алоқамандии зиёд ба тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои мухталиф ва ҷавобгӯи манофеи ду кишвар, аз ҷумла таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию башарӣ ва татбиқи муштараки тарҳҳои бузурги зербиноӣ дар соҳаҳои ҳамлу нақл, истеҳсол ва интиқоли нирӯи барқ таъкид гардид.

Гуфта мешавад, мусоҳибон бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба, ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, ташкили сафарҳои мутақобила дар сатҳҳои олию баланд ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният ибрози омодагӣ карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки роҷеъ ба масоили минтақавӣ, ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дурнамои рушди сиёсию иҷтимоии Афғонистон табодули назари судманд сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.