Бино ба маълумоти
хадамоти матбуоти
Срраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, шуъбаи кофукови ҷиноии шаҳри Маскав шахси гумонбар ба як силсила кушторҳо дар қаламрави пойтахти Русияро боздошт намудааст.
Бино ба иттилои торнамои тоҷикии
радиои «Озодӣ»
, мақомоти пулис гуфтаанд, нафари дастгиршуда як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон буда, аллакай даст доштани худ дар дастикам 7 куштор, аз ҷумла дар қатли бераҳмонаи 4 узви як хонавода дар минтақаи Нагатинои пойтахти Русияро ба гардан гирифтааст.
Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15 март ба радиои Озодӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки сафорат дар бораи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ва он ҳам бо иттиҳоми баланде, чун қатлҳои силсилаӣ аз мақомоти Русия то ҳол расман иттилое нагирифтааст, вале ин қазияро ҳатман пайгирӣ хоҳад кард: “Чунин хабарҳо, албатта, ба обрӯи тоҷикон дар Русия латмаи ҷиддӣ мезананд. Ва барои мо муҳим аст, ки шахсияти ин гумонбарро ибтидо дақиқ кунем, ки оё дар воқеъ шаҳрванди Тоҷикистон аст? Дувуман, бяод дақиқ шавад, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон аст, дар лаҳзаҳои даст ба ҷиноят заданаш дар кадом ҳолати рӯҳию равонӣ қарор дошт? Оё, чун дар чанд мавриди дигар, маризи рӯҳӣ нест? Ва аз ҳама муҳим, бояд бидонем, ки то куҷо даст доштани як тоҷик дар чунин ҷиноят таҳқиқ ва дақиқ карда шавад, чунки чунин қатлҳои бераҳмона хоси мардуми тоҷик нест.”
Ба иттилои манбаъ бо истинод ба хабаргузории
«Life News»
, нафари боздоштшуда Анӯшервон Раҳмонов ном дошта, ба яке аз нахустин манякҳои дастгиршуда дар Шӯравии собиқ, ки бо лақаби “Мосгаз” маъруф буд, пайравӣ мекардааст. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мудом якгуна амал карда, худро корманди хадамоти коммуналӣ вонамуд ва вориди хона шуда, дар бораи зарурати иваз кардани лӯлаҳо хабар медодааст. Баъди онки соҳибони хонаҳо ин бадкирдорро ба хона роҳ медодаанд, ӯ онҳоро корд мезадааст. Ин зодаи Тоҷикистон баъдан ба хотири аз байн бурдани изи ҷинояташ газро сар медодааст ва талош мекардааст, ки хонаро ё бисӯзонад ва ё битарконад”.



