Э.Раҳмон интихоботро шаффофу озод ва демократӣ номид



Зимни суханронӣ назди ҳайати нави палатаи поёнии парлумон имрӯз, 17 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоботи парлумонии санаи 1 март дар ҷумҳурӣ доиргардидаро шаффофу озод ва демократӣ номид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент таъкид дошт, ки дар фазои озоду демократӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсиро намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нозирони милливу байналмилалӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.

Зикр гардид, ки дар интихобот 285 нафар номзадҳо, аз ҷумла 80 нафар ба тариқи худпешбарӣ ба таври озод ширкат намуда, дар ин маъракаи сиёсӣ 3 миллиону 791 ҳазору 827 нафар ё 87,7 фоизи шаҳрвандони кишвар, ки дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд, фаъолона иштирок карданд.

Президенти кишвар аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, аз ҷумла хотирнишон намуд, ки 12 нафар вакил занон, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, 2 академик, 8 доктори илмҳо ва 17 нафар номзади улум мебошанд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи асосии худ, яъне таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба нафъи ҷомеа ва давлат нигаронда шудаанд, ҳамчунин рафти иҷрои қонунҳо ва қарорҳои қабулшударо бояд пайваста зери назорат бигирад.

Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои пурмасъулияту тақдирсоз, ки дар назди Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, таъмини рушди босуботи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум истодаанд, ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки давоми панҷ соли фаъолияти ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои тақдирсоз ноил мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное