Иштироки раиси ҲНИТ дар 2 ҳамоиши байнулмилалӣ дар Малайзия



Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ширкат дар Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд ва ҳамчунин ширкат дар Анҷумани байналмилалии “Ваҳдати уммати исломӣ” озими Малайзия шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин ду конфронси байналмилалӣ шахсиятҳои саршиноси ҷаҳони ислом, аз ҷумла Рошид Ғаннушӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тунис ва аз ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ҷаласаи Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд (Asian Forum for Peace & Development), ки як сол пеш аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Осиё таъсис ёфтааст, дар бораи вазъи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ: чолишҳо ва роҳҳалҳо аз 17 то 19-уми марти соли ҷорӣ давом хоҳад кард. Интизор меравад, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар ин форум суҳбат кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки сипа, Анҷумани сеюми байналмилалии “Ваҳдати уммати исломӣ”, ки аз тарафи Ҳизби исломии Малайзия (PAS) ва дафтари Абдулҳоди Аванг, муовини раҳбари Иттиҳоди оламии уламои мусалмон, ки роҳбарии ин иттиҳодро шайх Юсуф Карзовӣ бар дӯш дорад, аз 20 то 22-юми март баргузор хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки ин анҷуман дар баробари баҳсу баррасии мушкилоти мусалмонон, бештар дар бораи буҳрони Фаластин ва мушкилоти фаластиниён, аз чумла Қудси шариф тамаркуз хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное