Тақвияти назорати бозори асъор дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тадбирҳои мубориза бо ғайриқонунӣ анҷом додани муомилоти хариду фурӯши молу хизматгузорӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр карда мешаванд. Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар бораи ошкор кардани далелҳои хариду фурӯши молҳо бо асъори хориҷӣ хабарҳои зиёд интишор мекунанд. Дар маълумоти ҳамарӯзаи ВКД перомуни боздошти қонуншиканон дар бахши қонунгузории асъор ва боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Тоҷикистон тадбирҳои мубориза бо ғайриқонунӣ анҷом додани муомилоти хариду фурӯши молу хизматгузорӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр карда мешаванд.

Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар бораи ошкор кардани

далелҳои хариду фурӯши молҳо бо асъори хориҷӣ

хабарҳои зиёд интишор мекунанд. Дар маълумоти ҳамарӯзаи ВКД перомуни боздошти қонуншиканон дар бахши қонунгузории асъор ва боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ нисбати онҳо сухан меравад.

Доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки тадбирҳои имрӯз андешидаи ҳукумат барои «ба таври сунъӣ нигоҳ доштани қурби арзи миллӣ нисбати асъори хориҷӣ ояндадор нестанд, ҳарчанд ин меъёрҳо кайҳо ҳам дар қонунгузории соҳавӣ ва ҳам дар Кодекси ҷиноии кишвар ҷой доранд».

Ҳуқуқшинос таъкид дошт, ки бинобар сабаби сиёсати камсамари иқтисодӣ, коррупсия ва дигар падидаҳои манфӣ, ҳадафҳои стратегии аз ҷониби ҳукумати изҳоршуда ба даст наомаданд. «Аз ин рӯ, қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА босуръат поин рафт. Албатта, ин ҷо омилҳои беруна, аз ҷумла мушкилоти муносибатҳои Русия бо кишварҳои Ғарб дар робита ба вазъ дар Украина низ таъсир мерасонанд», – гуфт ӯ.

Ба андешаи Ш.Ҳакимов, то замоне, ки бахши воқеъии иқтисод ба кор надарояд, қурби сомониро нигоҳ доштан ғайриимкон аст. «Ин тадбирҳо моҳиятан ояндае надоранд, чунки дар ҷумҳурӣ бахши истеҳсолӣ фаъол нест ва тавозуни содирот нисбати воридот ба таври қобили мулоҳиза ба нафъи Тоҷикистон нест», – таъкид дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки ҳукуматдорон имрӯз ба назорати вазъ дар бозори асъори кишвар қодир нестанд. «Ҳолатҳои ҷудогонаи боздошти қонуншиканон дар ин самт барои амалисозии моддаи дахлдори Кодекси ҷиноӣ сурат мегиранд», – афзуд ӯ.

Аввали моҳи март Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)

дар ин робита изҳор намуда буд,

ки имрӯз дар Тоҷикистон танҳо якчанд идораю корхонаҳо иҷозатномаи анҷоми муомилоти хариду фурӯш бо асъори хориҷиро дошта, хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин ахири ҳафтаи гузашта

зикр гардида буд

, ки бинобар сабаби бетартибиҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 13 март ба

фурӯши мустақими асъор ба аҳолӣ хотима мебахшад.

Акнун ворид кардани асъори иловагӣ ба бозор тариқи бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.