Иштироки Парлумони Аврупо дар конфронси байнулмилалии оби Душанбе тасдиқ шуд



Рӯзи 26 марти соли 2015 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи навбатии Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни ҷаласа, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷуҳи вакилон оид ба рафти омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 ( 9-11 июни соли ҷорӣ, Душанбе) маълумоти муфассал манзур намуд.

Гуфта мешавад, қайд карда шудааст, ки дар Конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаҳои соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ, ҳамчунин олимон ва коршиносон иштирок хоҳанд кард.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле таъйид намудааст, ки дар кори конфронси байналмилалии Душанбе ҳайати баландпояи Парлумони Аврупо иштирок хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное