Президент 6 нафар аъзои Маҷлиси миллиро таъин кард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намуда, ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ, бо фармони Президенти Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хайрулло Сафарзода – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намуда, ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ, бо фармони Президенти Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хайрулло Сафарзода – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун;  Саодат Аминҷонова – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд; Меҳринисо Бобобекова – раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигӯ; Мурзабай Ҷошбаев – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Абдурасул Насимов – раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, 8 нафарашонро президент таъин мекунад. Ба ин гуна ному насаби боз 2 аъзои палатаи болоии парлумони кишвар то ҳол маълум нест.

Ба иттилои манбаъ, қо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Саидраҳмон Назриев, ки то ин вақт муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, Хол Ҳайдар муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Сӯҳроб Мирзоев муовини якуми вазири нақлиёт, Ҷамшед Шерматов муовини вазири молия ва Ҷамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардиданд.

Гуфта мешавад, бо амрҳои президенти Тоҷикистон Шараф Файзуллоев сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, Зафаршо Иброҳимов муовини якуми директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова муовини директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аксари касони ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва ба вазифаҳои нави пурмасъулият дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳо таъингардида кадрҳои ҷавон ва кордону корозмуда мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.