Раисони шаҳрҳои Нораку Турсунзода аз вазифа озод карда шуданд

Date:



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 апрел раисони шаҳрҳои Нораку Турсунзода ва ҳамчунин се ноҳияи кишвар аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоиуддин Саломзода аз вазифааш озод гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин карда шуд ва дар ин мансаб Бобоалӣ Табарзодаро иваз намуд.

Бо фармони президент Миралӣ Раҷабзода аз мансаби раиси шаҳри Норак барканор гардида, иҷрокунандаи раиси Файзобод таъин гардид ва дар ин вазифа Имомназар Каримиёнро иваз кард. Фатҳулло Ҳурматов раиси нави шаҳри Норак таъин шуд.

Ҳамчунин бо фармони сарвари давлат Саидмурод Тағозода бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби раиси ноҳияи Рӯдакӣ сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ раиси ин ноҳия таъин гардид.

Раиси ноҳияи Спитамен Маҷиди Муҳтадӣ низ бо фармони президент аз вазифааш озод карда шуда, Ориф Хоҷаев раиси ноҳияи мазкур таъин гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...