Баррасии имкони афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Покистон

Date:



Рӯзи 9 апрели соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ муовини вазири тиҷорати Покистон Робина Атҳарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар табодули назар намуда, аҳамияти созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро, ки матни он алҳол дар Душанбе дар доираи ҷаласаи коршиносони се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, барои тақвияти тиҷорат дар минтақа таъкид карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо манфиатдории худро ба истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати афзоиши ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвари дӯст баён карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...