Болоравии начандон назарраси қурби рубл ва евро дар Тоҷикистон

Қурби миёнаи рубли русӣ дар бозори асъори нақдии Тоҷикистон тайи ҳафтаи равон каме боло рафта, ба санаи 10 апрел 0,1119-0,1130 сомонӣ барои 1 рублро ташкил дод. Қобили зикр аст, ки аввали ҳафтаи равон қурби миёнаи хариду фурӯши нақди рубли русӣ ба 0,0900-0,1000 сомонӣ баробар буд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ин ҳафта қурби миёнаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Қурби миёнаи рубли русӣ дар бозори асъори нақдии Тоҷикистон тайи ҳафтаи равон каме боло рафта, ба санаи 10 апрел 0,1119-0,1130 сомонӣ барои 1 рублро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки аввали ҳафтаи равон қурби миёнаи хариду фурӯши нақди рубли русӣ ба 0,0900-0,1000 сомонӣ баробар буд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ин ҳафта қурби миёнаи амалиёт бо евро низ ба таври начандон назаррас боло рафта, рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта 6,7210-6,7445 сомонӣ барои 1 евроро ташкил дод.

Гуфта мешавад, давоми ҳафта қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бетағйир боқӣ монда, 6,2700-6,2900 сомонӣ (барои 1 $)-ро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.