Зимни суханронӣ дар конфронс оид ба амнияти байнулмилалӣ дар Маскав рӯзи 16 апрел вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор намуд, ки Русия ба таҳкими пойгоҳи низомии 201-уми худ дар қаламрави Тоҷикистон идома медиҳад.
«Ҳамчунин Русия ба дастгирии Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва техникаи низомӣ низ идома мебахшад», – иттилоъ медиҳад
хадамоти матбуоти
Вазорати мудофиаи Русия бо истинод ба гуфтаҳои С.Шойгу.
Зарурати таҳкими пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии ин кишвар бо силоҳу техникаи низомиро вазири мудофиаи Русия ба вазъ дар Афғонистон нисбат дода, бар ин назар аст, ки нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба таъмини амният дар ин кишвар аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои наздашон гузошташуда баромада натавонистанд.
«Терроризм дар Афғонистон аз байн бурда нашуда, қочоқи маводи мухаддир афзуд. Ҳамаи ин ба вазъ дар ҳамсоякишварҳои Русия, дар навбати аввал ба иттифоқчиёни мо дар Осиёи Марказӣ воқеъан ҳам таҳдид мекунад», – зикр кардааст вазири мудофиаи Русия.


