Амалиёти мувафаққонаи мақомоти зидди мухаддироти Тоҷикистону Қирғизистон

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз рӯи усули «таҳвили назоратшаванда» аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек се зан – шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгир гардиданд, ки аз онҳо 8 кг маводи нашъаовари сахтаъсири героин ёфт ва мусодира гардид. […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз рӯи усули «таҳвили назоратшаванда» аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек се зан – шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгир гардиданд, ки аз онҳо 8 кг маводи нашъаовари сахтаъсири героин ёфт ва мусодира гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН ҶТ, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои минбаъдаи тафтишотӣ-оперативӣ дар шаҳри Исфара дар хонаи яке аз дастгиршудагон бо истифода аз саги хизматӣ дар махфигоҳ зиёда аз 1 кг героин дарёфт ва мусодира гардид.

Қайд мешавад, ки ду нафар аз занони дастгиршуда қаблан барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда, айни ҳол тафтишот минбаъд нияти ба куҷо интиқол додани героинро муайян намуда истодааст.

Зимнан зикр мегардад, ки амалиёт бо иштироки бевоситаи афсари алоқаи Агентӣ, ки зиёда аз ним сол дар шаҳри Оши Қирғизистон фаъолият менамояд, амалӣ гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.