Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи 30 март фармони дахлдори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.
Дар иҷлосияи нахусти палатаи болоии парлумони тозаинтихобт баррасии масъалаҳои тадорукотӣ, аз ҷумла интихоби раиси Маҷлиси миллӣ, муовинони ӯ ва раисони кумитаҳои соҳавӣ дар назар аст.
Дар иҷлосияи аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ маъмулан президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва назди аъзои он суханронӣ мекунад.
Ғайр аз ин, имрӯз ҷаласаи якуми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон даъвати панҷум низ доир мегардад, ки фармони президент дар бораи баргузории он низ санаи 30 март ба имзо расида буд.


