Э.Раҳмон парлумонро ба фаъолияти пурсамар дар самти таъмини амният даъват кард

Date:



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро ба фаъолияти пурсамар дар самти муқовимат ба таҳдидлҳои муосир даъват намуд.

«Ман борҳо дар суханрониҳоям аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мулоқоту чорабиниҳои мухталиф дар хусуси ба истиқлолияти давлатҳо хатари зиёд доштани терроризму ифротгароӣ, инчунин дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккил изҳори андеша намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи муштарак ба ин хатарҳои муосир даъват намуда будам», – гуфт ӯ зимни суханронӣ нади вакилони тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Сарвари давлат қайд кард, ки бо мақсади мубориза бо чунин хатарҳои нав имрӯз дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ дар самти таҳия ва ҷонибдории қонунҳое, ки ба пешрафти давлат ва пойдории суботу амният мусоидат мекунанд, вазифаҳои ниҳоят муҳим қарор доранд, ки иҷрои онҳо фаъолияти пурмаҳсулро талаб менамояд.

Президент таъкид намуд, ки айни замон Тоҷикистон дар марҳалае қарор дорад, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати дигаргунии мураккаб, яъне дар фазои тағирёбандаи геостратегӣ ва шиддат ёфтани мубориза барои захираҳои табиӣ қарор дошта, ҷаҳонро буҳрони молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст ва чунин вазъ ба низоми сиёсиву иқтисодии давлатҳо таҳдид намуда, барои рушди давлатҳо монеа эҷод месозад.

«Марҳалаи нави инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабули қонуну қарорҳоеро тақозо мекунад, ки ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, паст кардани таъсири манфии буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар ва амнияти давлат, инчунин пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир мусоидат намоянд», – зикр кард президент.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...