Ҳалокати сокини 25-солаи Душанбе дар тавқифгоҳи АНМН (Аксҳо)

ASIA-Plus



Сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд, пас аз чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ ба ҳалокат расид. Наздикони ҷавон бар ин назаранд, ки ӯ бар асари лату кӯб ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст.

Волидони Шамсиддин Зайдуллоев рӯзи 20 апрел дар ин хусус ба

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон

муроҷиат намуданд.

Дар муроҷиати онҳо зикр мегардад, ки писарашонро шоми рӯзи 8 апрел кормандони АНМН боздошт намуда, рӯзи дигар дар бинои Агентӣ модараш бо ӯ вомехӯрад ва ҳангоме ки сари фарзанашро сила карданӣ мешавад, ӯ мегӯяд, ки дар пушташ захм дорад ва он азият медиҳад. «Ман аз писарам оҳиста пурсидам, ки ӯро дар ин ҷо лату кӯб мекунанд ва ӯ инро бо сарҷунбониаш тасдиқ кард», – гуфтааст модараш.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 10, 11 ва 12 апрел ба волидону наздикони боздоштшуда муяссар нагардидааст, ки писарашонро бубинанду бо ӯ суҳбат кунанд. Рӯзи 13 апрел онҳо ҷасади писарашонро аз мурдахона (морг)-и ВКД, воқеъ дар шаҳраки тиббӣ (медгородок) пайдо мекунанд.

Бо исрори модари ҳалокшуда, ҷасад ташхис шуда, натиҷаҳояш алҳол омода нестанд. Модари ҳалокшуда изҳор намудааст, ки писараш ягон бемории ҷиддӣ надошта, маводи нашъаовар истеъмол намекард ва ба гумонаш, ӯ бар асари кирдори бераҳмонаи кормандони АНМН фавтидааст.


Оилаи Зайдуллоевҳо ба Прокуратураи генералӣ ва президенти ҶТ бо дархости тафтиши далели марги фарзанди хонадон Шамсиддин Зайдуллоев ариза навиштаанд. Ариза дар шуъбаи умумии Прокуратураи генералии ҶТ аз 16 апрели соли 2015 ба қайд гирифта шудааст.

Сардори хадамоти матбуоти АНМН Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шамсиддин Зайдуллоев ба гумони ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи нашъаовари героин боздошт шуда, шаби 12 ба 13 апрел вазъи солимиаш бад мешавад ва ӯро ба дармонгоҳи бемориҳои нашъамандӣ мебаранд.

«Ӯ нашъаманд буд ва ҳамон шаб ин дардаш (вобастагиаш) хурӯҷ карда, табибони дармонгоҳ бистарӣ шуданашро пешниҳод карданд, вале ӯ хаттӣ инро рад намудааст, ки дар ин бора қайди махсус мавҷуд аст. Ӯро дубора боз ба тавқифгоҳ оварда, соати 5-и субҳ аз норасоии кори дил фавтидааст», – иброз дошт ӯ.

Раҳматуллоев таъкид дошт, ки дар ҷисми ҳалокшуда ҳеҷ осори лату кӯб ва шиканҷа вуҷуд надошт ва инро кормандони прокуратура, ки ҷасадро аз назар гузаронида буданд, тасдиқ карда метавонанд. «Натиҷаҳои ташхиси судив утиббӣ баъди ду шабонарӯз омода мешаванд», – илова кард намоянлдаи АНМН.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.