Оғози хизмати беш аз 40 нафар афсарони ҷавон дар сафҳои нерӯҳои марзбонӣ

Рӯзи 21 апрел дар шаҳри Душанбе маросими супурдани диплом ва рутбаҳои лейтенантӣ ба гурӯҳи навбатии хатмкунандагони Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ Тоҷикистон доир гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар дод, диплому рутбаҳо ба 40 нафар афсарони ҷавони марзбон ва 200 нафар прапоршикҳои давраҳои махсуси омӯзиширо хатмкарда аз ҷониби раиси КДАМ […]



Рӯзи 21 апрел дар шаҳри Душанбе маросими супурдани диплом ва рутбаҳои лейтенантӣ ба гурӯҳи навбатии хатмкунандагони Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ Тоҷикистон доир гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар дод, диплому рутбаҳо ба 40 нафар афсарони ҷавони марзбон ва 200 нафар прапоршикҳои давраҳои махсуси омӯзиширо хатмкарда аз ҷониби раиси КДАМ Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов тақдим карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи хатмкардагони Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ ва давраҳои махсуси омӯзишӣ ба қисмҳои низомӣ ва гарнизонҳо таъинот гирифта, рӯзҳои наздик ба адои хизмат оғоз мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.