Ҳалокати боз 5 тоҷикистонӣ дар сафҳои ДИИШ

Дар саҳифаи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҳалокати боз 5 нафар тоҷикистониёндар сафҳои Давлати исломӣ хабар дода шуд. Рӯзи 20 апрел дар саҳифаи корбарони тоҷики шабакаи иҷтимоии «Одноклассники», ки дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, дар бораи ҳалокати як тоҷик бо лақаби Сайфулло дар Ироқ маълумот мунташир шуд. Қаблан рӯзи 17 апрел […]

ASIA-Plus



Дар саҳифаи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҳалокати боз 5 нафар тоҷикистониёндар сафҳои Давлати исломӣ хабар дода шуд.

Рӯзи 20 апрел дар саҳифаи корбарони тоҷики шабакаи иҷтимоии «Одноклассники», ки дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, дар бораи ҳалокати як тоҷик бо лақаби Сайфулло дар Ироқ маълумот мунташир шуд. Қаблан рӯзи 17 апрел дар бораи ҳалокати Абдурақиб-ат-тоҷикӣ, ки дар шарҳҳо Юсуф меноманд ва рӯзи 18 апрел дар бораи ҳалокати як тоҷикистонии дигар бо лақаби Абу Умайр иттилоъ дода шуда буд.

Санаи 15 апрел дар бораи фавти Абӯ Маҳдӣ Тоҷик, ки дар шарҳҳо аз ӯ Муҳаммад Эҳсон ном бурда мешавад, маълумот дода шуд. Дар ҳамин ҷо зикр мегардад, ки рӯзи 12 апрел як тоҷикистонӣ назди ситоди полки 4-уми артиши Ироқ автомашинаи зиреҳпӯши мингузоштаро тарконидааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21 апрел кормандони Хадамоти федералии амнияти Русия

як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро

, ки ба узвият дар созмони террористии ДИИШ ва содир кардани амалҳои террористӣ даъват мекард, дар шаҳри Архангелски Русия боздошт намуданд.

Дар ҳамин ҳол, аввали ҳафтаи равон зимни вохӯрии роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовари кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Маскав директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ Рустам Назарзода

изҳор намуд,

ки дар музофотҳои минтақаи шимоли Афғонистон бархе аз дастаҳои ҳаракати «Толибон» ба сафи ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» пайвастаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер