Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа 10 нафар сокинон ин шаҳрро ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия гумонбар медонанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳр дар ин робита иттилоъ дод, ин 10 нафари гумонбаршуда дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, муддати тӯлонист, ки бо хешону наздиконашон дар робита нестанд.
«Ин фарзияи пешакӣ аст ва мо мушаххасан онҳоро айбдор гкарда наметавонем, вале мақомоти нтизомӣ дар куҷо будану ба чӣ кор машғул шудани онҳоро санҷида истодаанд. Мо бо наздикони онҳо дар тамос буда, ояндаи наздик макони иқомати онҳоро муайян хоҳем кард», – иброз дош манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аллакай дар бораи се тан аз онҳо, ки қаблан барои таҳсил ба мактабҳои динии Покистон рафта, ба ҳаракати ифрогарои «Ансоруллоҳ» пайвастаанд ва чандин сол бо наздиконашон дар тамос нестанд, маълумот дастрас гардидааст.
«Ҳукумати шаҳр гурӯҳи таблиғотӣ созмон дод, ки барои пешгирии ба гурӯҳҳои ифротгаро гаравидани ҷавонон, бо аҳолӣ, донишҷӯёни макотиби оливу коллеҷҳо ва толибилмони мактабҳо вохӯриҳо мегузаронад», – афзуд сарчашмаи хабар.






