Гумонбарии 10 сокини Қӯрғонтеппа ба иштирок дар даргириҳои Сурия

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа 10 нафар сокинон ин шаҳрро ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия гумонбар медонанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳр дар ин робита иттилоъ дод, ин 10 нафари гумонбаршуда дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, муддати тӯлонист, ки бо хешону наздиконашон дар робита нестанд. «Ин фарзияи пешакӣ аст ва […]

Сайраҳмон Назриев



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа 10 нафар сокинон ин шаҳрро ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия гумонбар медонанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳр дар ин робита иттилоъ дод, ин 10 нафари гумонбаршуда дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, муддати тӯлонист, ки бо хешону наздиконашон дар робита нестанд.

«Ин фарзияи пешакӣ аст ва мо мушаххасан онҳоро айбдор гкарда наметавонем, вале мақомоти нтизомӣ дар куҷо будану ба чӣ кор машғул шудани онҳоро санҷида истодаанд. Мо бо наздикони онҳо дар тамос буда, ояндаи наздик макони иқомати онҳоро муайян хоҳем кард», – иброз дош манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аллакай дар бораи се тан аз онҳо, ки қаблан барои таҳсил ба мактабҳои динии Покистон рафта, ба ҳаракати ифрогарои «Ансоруллоҳ» пайвастаанд ва чандин сол бо наздиконашон дар тамос нестанд, маълумот дастрас гардидааст.

«Ҳукумати шаҳр гурӯҳи таблиғотӣ созмон дод, ки барои пешгирии ба гурӯҳҳои ифротгаро гаравидани ҷавонон, бо аҳолӣ, донишҷӯёни макотиби оливу коллеҷҳо ва толибилмони мактабҳо вохӯриҳо мегузаронад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.