Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то имрӯз 98% ба иҷро расид.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ подполковник Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилоятҳои Хатлону шаҳри Душанбе пурра иҷро шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд – 98%, навоҳии тобеи марказ – 91% ва ВМКБ – 94% ба иҷро расидааст.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи фармони президенти кишвар, маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз гардида, 31-юми майи соли равон ба итмом мерасад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.






